ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилаи ҶТ иттилоъ медиҳад, ки баҳси ду ронанда дар шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд — Чаноқ боиси кушта шудани яке аз онҳо гардидаст.
Кормандони милиса як сокини ноҳияи Айнӣ, Фирдавс Нурови 38-соларо ба иттиҳоми қасдан расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ, ки боиси кушта шудани дигаре гаштааст, дастгир кардаанд.
Бино бар иттилои манбаъ, вай 28-уми августи соли 2017, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Хуҷанд дар худрави "Опел-Зафира", ки онро Субҳонқул Раҳмонов идора мекардааст, дар шоҳроҳи Душанбе — Хуҷанд — Чанок бо ронандаи дигаре баҳсу мунозира мекунад.
Тавре манбаъ меафзояд, далели ин баҳс ба муқобили роҳи худрави "Шанхи" баромадани "Опел" гаштааст, ки дар он гумонбаршаванда менишаст.
Дар натиҷа байни Нуров ва ронандаи автомашинаи "Шанхи" Раззоқов баҳсу мунозира ба амал омада, Нуров Раззоқовро мушту лагад зада ӯро сахт захмӣ карда, ки дар натиҷа вай 29-уми август аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона ҷон бохтааст.
ВУД ҶТ барои бозҷӯии ин қазия парванда оғоз кардаву бозҷустро идома медиҳад.