ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Вазорати маорифу илми Тоҷикистон бо интишори баёнияи расмӣ ба мавзеъгирии дуктур Ҷовид Муқим, устоди риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бо ҷой додани вожаи "профессор" дар нохунак, посухи аҷибу тавҳиномезе дод, гуфтааст хабаргузории эронии "Pars Today" ба нақл аз расонаҳои тоҷикӣ.
Вазорати маорифу илм дар посух ба дуктур Муқим гуфта: "Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон метавонист ба ҷойи якуми моҳи сентябр рӯзи дигареро Иди Қурбон эълом кунад".
Ин дар ҳоле аст, ки гоҳшумории қамарӣ бар асоси ҳаракати Моҳ дар осмон аст ва Шурои уламо таъйинкунандаи рӯзҳои хосс дар тақвими қамарӣ нест ва танҳо эъломкунандаи ин рӯзҳо аст.
Дар посухи Вазорати маорифу илми ҶТ ҳамчунин ба банди 52 Қонуни таътилоти расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора шуда, ки дар он рӯзи аввали моҳи сентябр ҳамасола рӯзи оғози соли таҳсилии ҷадид ва Рӯзи Дониш номгузорӣ шудаву таътил нест.
Аз сӯи дигар, вазорат бо истифода аз мафоҳими мазҳабӣ таъкид кардааст, ки нахустин паёми ваҳй ба паёмбари Ислом вожаи "Иқраъ", яъне бихон буд, на ид кун, ки ин баёнгари аҳамияти омӯзиши илму дониш мебошад.
Чанд рӯз пеш Ҷовид Муқим дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, модоме, ки қонунгузории Тоҷикистон рӯзҳои иди Фитр ва иди Қурбонро расман таътил эълом карда ва дар тақвими кишвар низ ин ду рӯз ба унвони рӯзҳои ғайрикорӣ сабт шудаанд, иқдоми ахири Вазорати маориф ва илм ба бозкушоии мактабу донишгоҳҳо дар рӯзи Иди Қурбон нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон аст.
Вазорати маорифу илм рӯзи 1 сентябрро дар ҳоле оғози соли нави хониш дар ҳамагуна омӯзишгоҳҳои Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар Русия, ки низ рӯзи оғози соли нави хониш ва иди Қурбон ҳамзамон шудааст, рӯзи аввали бозкушоии марокизи омӯзиширо ба 4 сентябр мунтақил кардаанд.
Ҳамчунин ҳукумати Узбакистон ба хотири ҳамзамонии иди Қурбон ва оғози соли нави хониш бозкушоии мактабу донишгоҳҳоро ба рӯзи 2 сентябр мунтақил кард.