Шаҳрдории Душанбе барои забҳи чорвои қурбонӣ кушторгоҳҳо ташкил мекунад

Обуна шудан
Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дар остонаи иди Қурбон иҷоза дода, ки чорвои қурбонӣ дар бархе аз кушторгоҳҳои пойтахт забҳу фурӯхта шавад

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Рустам Эмомалӣ раҳбарони ноҳияҳо, Маркази назорати давлатии беҳдоштиву эпидемиологӣ ва Раёсати назорати давлатии домпизишкиро муваззаф карда, ки бо ҷалби раисони маҳаллаҳо дар шаҳри Душанбе кушторгоҳҳои муваққатии чорворо ташкил намоянд.

Рустам Эмомали на заседании правительства республики - Sputnik Тоҷикистон
Озмуни Рустам Эмомалӣ барои дарёфти ҳуқуқи хизматрасонӣ дар хатсайри 28

Бино ба иттилоъи дафтари иттилоърасонии шаҳрдорӣ, чорвои қурбонӣ дар кушторгоҳҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла "Комбинати гӯшту консерва" дар хиёбони Фучик, 4, ширкати «Ангара» дар маҳаллаи "Роҳи нав", "Маҷмаъаи байторӣ" дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва кушторгоҳи "Ёвар-11" дар ноҳияи Рӯдакӣ забҳу фурӯхта хоҳад шуд.

Ҳамчунин қарор шуда, ки барои таъмини арзонию фаровонӣ дар бозорҳои пойтахт, аз 3 август то 5 сентябри соли 2017 назди бозорҳои шаҳрӣ фурӯшгоҳҳои маҳсулоти ниёзи аввалия ташкил карда шаванд. Дар ин фурӯҳгоҳҳо маҳсулоти кишоварзии вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ фурӯхта хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0