ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Ожонси мубориза бо фасод аз боздошти як корманди Комиссарати низомии шаҳри Исфара ба иттиҳоми ришваситонӣ аз як шаҳрванди Тоҷикистон хабар додааст.
Ин ниҳод номи шаҳрвандро ошкор накарда, вале гузориш дода, ки аз як корманди Калонтарии низомӣ, ки "Командир" номида мешудааст, шикоят дарёфт кардаанд. Шикояткунанда гуфтаст, "Командир" барои озод кардан аз хидмати низомӣ аз вай 1800 дулор ришва талаб дорад.
Ожонс дар паи амалиёти ҷустуҷӯӣ ҳувияти "Командир"-ро ошкор карда, ки Эгам Эгамов ном корманди Калонтарии низомӣ буда ва ӯро ҳангоми дарёфти 1800 дулор боздошт мекунад.
"Нисбати Эгамов Эгам Худойбердиевич бо моддаи 247 қисми 3 банди "а" КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ он бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд", — гузориш додааст Ожонси фасодзудо.