Муъовини пешини раиси Ожонси мубориза бо фасод ба 10 солу 7 моҳи зиндон маҳкум шуд

© Sputnik / Рамиль СитдиковНаручники
Наручники - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳукми Давлатбек Хайрзода 28 июл эълом гардид

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муъовини пешини раиси Ожонси мубориза бо фасод Давлатбек Хайрзодаро ба 10 солу 7 моҳи зиндон маҳкум кардааст.

Бино ба иттилоъи расонаҳои Тоҷикистон, ҳукми Давлатбек Хайрзода 28 июл эълом гардид.

Худи ҳамон рӯз ҳукми як масъули Хадамоти гумруки Тоҷикистон Фаридун Беназирзода низ эълон гардид. Номбурда ба 10 солу 5 моҳи зиндон маҳкум шуд.

Пештар раиси Ожонси мубориза бо фасод дар нишасти хабарӣ гуфт, сару садоҳо дар ин бора, ки гӯё кормандони ин ниҳод дар пайи хусусати ниҳодҳои қудратӣ боздошт шудаанд, асос надорад. Вай гуфт, бояд табаҳкор дар назди қонун ҷавоб гӯяд.

Бино бар иттилоъи раиси Ожонс, баррасии парвандаи 10 тан аз кормандони пешини ин ниҳод дар Додгоҳи олӣ идома дорад.

Илова бар ин ҷаноби Султонзода гуфт, сару садоҳое, ки гӯё боздошти кормандони ожонс дар пайи хусумат ё қасосгирии ниҳодҳои қудратии кишвар анҷом дода шуда бошад, асос надоранд.

Ҳоло маълум аст, ки 9 тани дигар аз кормандони ин ниҳод эъломи ҳукми худро интизоранд.

Лентаи хабарҳо
0