Нахуствазир ҳамкории илмиву омӯзишии Тоҷикистону Русияро "пурдастовартарин" хонд

© Sputnik / Сергей СубботинКохир Расулзода. Архивное фото
Кохир Расулзода. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Равобити донишгоҳҳои Тоҷикистону Русия дар чорчӯби барномаҳои омӯзишӣ ва ҳамкориҳои илмиву фаннӣ рӯ ба густариш аст, мегӯяд нахуствазири ҶТ Қоҳир Расулзода

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Нахуствазир Қоҳир Расулзода ҳамкориҳои илмиву омӯзиширо яке аз пурдастовардтарин заминаҳои корёрии роҳбурдии Тоҷикистону Русия донист.

Омӯзгорони рус дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Хуш омадед! Пешвоз аз омӯзгорони рус дар фурудгоҳи Душанбе

"Ҳамкориҳои мо дар заминаи илмиву омӯзишиву фарҳангӣ бар усули ҳамкории роҳбурдӣ устувор буда ва яке аз пурдастовардтарин заминаҳои корёрӣ миёни Тоҷикистон ва Русия аст", — гуфта Расулзода дар дидор бо омӯзгороне, ки аз Русия ба Тоҷикистон рафтаанд.

Нахуствазири Тоҷикистон гуфта, ки "мо ба омӯзиши забони русӣ, ки пас аз забони тоҷикӣ дувумин забони корбурдӣ дар кишвар аст, бисёр аҳамият медиҳем ва бароямон муҳим аст, ки фарзадонамонро забони русиро ёд бидиҳем ва ё ба ин забон дониш биёмӯзонем".

Вай ёдоварӣ карда, ки низоми омӯзишии Тоҷикистон шитобон мудерн мешавад ва ҳар сол дар кишвар чандин омӯзишгоҳ сохта шуда ва пояҳои моддиву фаннии системи омӯзишу парвариш устувортар мешаванд. Аз ҷумла, равобит бо донишгоҳҳои Русия аз роҳи иҷрои барномаҳои омӯзишӣ ва ҳамкориҳои илмиву фаннӣ густариш меёбанд, афзудааст Расулзода.

Учителя из России приехавшие в Республику Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Омӯзгорони рус ба Душанбе расиданд

Вай аз раисҷумҳури Русия Владимир Путин, нахуствазир Дмитрий Медведев, раиси маҷлиси Шурои федеросюн Валентина Матвиенко барои фиристодани 30 омӯзгор ба Тоҷикистон сипосгузорӣ карду ба омӯзгорон гуфт: "Барои шумо чи дар Душанбе ва чи дар дигар минтақаҳо ҳама шароит барои зиндагӣ ва кор фароҳам оварда шудааст. Умедворам, ки Тоҷикистонро дӯст хоҳед дошт ва дар шукуфоии он саҳмгузор хоҳед буд".

Лентаи хабарҳо
0