ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Элизабет гуфт, ки барои идомаи фаъолият бояд ба Амрико бар гардад.
Сафири пешини Амрико — Элизабет Миллард бо пироҳани атлас ва пиёлаи чой дар даст, дар бораи меҳри худ ба Тоҷикистон гуфта қайд кард, ки меҳмоннавозии мардуми тоҷикро ҳич гоҳ фаромӯш нахоҳад кард.
Элизабет Миллард якуним соли қабл сафири Амрико дар Тоҷикистон таъин шуд. Ӯ гуфт, чанде пеш барои кор ба Департаменти давлатӣ даъват шудааст ва дар онҷо масъули равобит бо Аврупо ва АвруОсиё хоҳад буд.
"Ман Тоҷикистонро пас аз якуним сол бо сахтӣ тарк мекунам. Албатта, ин кишвари зебо аз хотири ман намебарояд. Ман фарҳанги бойи ин кишвари муъҷизаосо, бахусус мардум ва меҳмоннавозиву дӯстии онҳоро дар ёд мегирам", — гуфтааст ӯ.
Миллард дар ин видео чанде аз хотираҳояшро дар якуним соли кору будубош дар Тоҷикистон низ бо аксу навор пешниҳод кардааст.
Элизабет Миллард дар охири паёмаш мусулмононро бо забони тоҷикӣ ба Иди Қурбон табрик гуфта, таъкид намудааст, ки "ман Шумо ва кишвари зебоятонро пазмон хоҳам шуд. То боздид, дӯстони азиз".
Пештар хабар дода будем, ки сафири феълии ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард фардо мақомашро тарк хоҳад кард. Вай раҳбарии Дафтари масоили Урупо ва Уросиё дар Вазорати умури хориҷаи Амрикоро ба дӯш мегирад