ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки 31-уми август сафири феълии Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллард барои иҷрои вазифаи дигаре Тоҷикистонро тарк мекунад.
Бино бар иттилои манбаъ, хонум Миллард раҳбарии Дафтари масоили Урупо ва Уросиё дар Вазорати умури хориҷаи Амрикоро ба дӯш мегирад.
"Ба чунин вазифаи баланд таъйин гардидан шарафи калон аст, аммо барои сафир Миллард падруд бo Тоҷикистон ниҳоят мушкил аст. Дар муддати якуним сол ӯ аз табиати зебои Тоҷикистон, фарҳангу забони ғании он, ба хусус, меҳмоннавози мардуми он ҳаловат мебурд", — мегӯяд сафорат.
Сафири нави ИМА ҳоло таъйин нашудааст. Муовини сафир Кевин Коверт ҳамчун кордори сафорат пас аз рафтани сафир Миллард фаъолият хоҳад кард.