ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Севумин Анҷумани оҳангарони Ашт 27 август дар деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Ашт баргузор гардид, ки дар он оҳангарон аз Ҳисор, Спитамен ва Хуҷанд низ ширкат карданд.
Бино ба иттилоъи равобити умуми Ҳукумати ноҳияи Ашт, дар ин анҷуман ҳамчунин раиси ноҳияи Ашт Зариф Мирдадо ва дигар шахсони расмӣ низ ширкат карданд.
Раиси ноҳия дар ин анҷуман гуфт, ки оҳангарӣ дар ҷамоати деҳоти Ашт рушд карда, он маъруфияти зиёдеро касб кард. Оҳангарони ҷамоат тавонистанд молу маҳсулоти худро дар бозорҳои кишвар серхаридор созанд. Мо бовар дорем, ки минбаъд низ оҳангарон барои сохтани асбобҳои зарурӣ ба мардум сарбаландона хидмат мекунанд.
Рӯзноманигор Насибҷон Амонӣ, ки замоне сохтаҳои оҳангарони аштиро дар Қазоқистон мефурӯхт, мегӯяд, Ҷамъияти оҳангарони Ашт 4-уми июни соли 1877 дар шаҳри Тошканд таъсис ёфта, бунёдгузораш торихшиносу куштигири номӣ Акрам Аскаров буд, ки то соли 1916 сарварии ин ҷамъиятро ба уҳда дошт. Бино ба додаҳои торихшиносон, дар он давра Ҷамъияти оҳангарони Ашт 4560 узв дошт. Ба гуфтаи торихшинос Бахтовар Темирзод, оҳангарони аштӣ бунёдгузорони шаҳри Оҳангарон ҳастанд, ки акнун дар Узбакистон ҷой дорад.
"Замоне чиниҳо кӯшиш карданд, ки бо асбобҳои сохтаи худ ҷои асбобҳои оҳангарони аштиро бо нархи арзон гиранд, вале сифати асбобҳои чиниҳо ки паст буд, натавонистанд ҷои маҳсулоти оҳангарони моро гирад. Мардум фаҳмиданд, ки асбоби оҳангарони аштиро солҳои зиёд истифода бурдан мумкин аст ва боз ба маҳсулоти оҳангарони худи рӯ оварданд", — мегӯяд Насибҷон Амонӣ.
Сабаби асосии рушди ин ҳунар дар ноҳияи Ашт он аст, ки оҳангарӣ пешаи гузаштагонашон мебошад. Ҳунари оҳангарӣ ҳамеша барои ҷомеа зарур аст. Гарчанде илму техника дар асри 21 рушд кард, вале зарурат ба асбобҳои тавлидкардаи оҳангарон ҳамоно ҷой дорад.
Оҳангар аз деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти Ашт Раҳимҷон Аслонов мегӯяд, аз соли 1974 то кунун ҳамин шуғлро дорад. Фаъолияти корияшро ӯ аз шаҳри Ҳисор оғоз карда, аз соли 1991 то кунун дар ноҳияи Ашт корашро давом медиҳад. Шогирдони бисёреро оҳангарӣ омӯхта, ки бархе аз онҳо дар шаҳри Ҳисор ба оҳангарӣ машғуланд.
"Дар як моҳ то 2000 сомонӣ аз пешаи оҳангарӣ даромад ба даст меорам. Як каланде, ки месозам дар бозорҳои кишвар то 20 сомонӣ арзиш дорад. Маҳсулоти оҳангарӣ аз Русия ба бозори "Баракати" шаҳри Хуҷанд меояд ва мо онро харидорӣ мекунем. Як тонна оҳан то 10 ҳазор сомонӣ арзиш дорад", — афзуд ин оҳангар.
Оҳангарони аштӣ бештар дос, каланд, бел, табар, теша, чок, бухорӣ (печка), корд ва дигар асбоби рӯзгорро месозанд. Сохтаҳои онҳо на танҳо дар Тоҷикистон балки дар Қазоқистон ва Узбакистон низ харидори бисёр доранд.