Ҳукумати Суғд ҳам хостори ҷалби омӯзгорони хориҷӣ шуд

© SputnikПреподавательский состав из РФ который отправляется в РТ учить таджикских детей
Преподавательский состав из РФ который отправляется в РТ учить таджикских детей - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ хостори ҷалби омӯзгорони хориҷӣ ба мактабҳои вилоят шуд

ДУШАНБЕ, 29 авг— Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, имрӯз дар Кохи фарҳанги ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд баргузор гардидааст.

Дар кори машварат раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ, муовини вазири маориф ва илмиТоҷикистон Латофат Қаҳҳор, муовинони соҳавии раисони шаҳру навоҳӣ ва доираи васеи кормандони соҳаи маориф ширкат карданд.

Ппредставитель фонда Русский мир Виктор Буянов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Буянов: Русия омӯзгорони доғистониро бо ибтикори Раҳмон ба ҶТ мефиристад

Раиси вилоят гуфтааст, ки дар баробари дастовардҳои назаррас дар соҳаи маориф камбудиҳои ҳалталаб кам нестанд.

Вай дастур додааст, ки фаъолияти мактабҳо ва роҳбарони онҳо аз рӯи маҳсулнокии дастранҷи омӯзгорон таҳлил карда шуда, ба фаъолияти роҳбарони муассисаҳо баҳои воқеӣ дода шавад.

"Шароити замони муосир тақозо мекунад, ки дар баробари баланд бардоштани савияи дониши худи омӯзгорони маҳаллӣ, инчунин муаллимони хориҷӣ низ ба мактабҳои вилоят ҷалб карда шаванд", — гуфтааст раиси вилоят.

Масаълаи дигари машварат фаъолияти омӯзгорони ғайриихтисос будааст.

Ба гузориши манбаъ шумораи чунин омӯзгорон дар вилоят 330 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ҷумла 48 нафар ба ноҳияи Ҷаббор Расулов рост меояд.

Дар ин замина, ҳанӯз дар баъзе шаҳру навоҳии вилоят шумораи муайяни муаллимон бо маълумоти миёнаи касбӣ фаъолият мебаранд.

Ёдоварӣ мекунем, ки Русия ба мактабҳои Тоҷикистон 29 омӯзгори фаннҳои мухталиф равон кард. Ин омӯзгорон дар литсейҳои бонуфузи шаҳрҳои гуногуни ҷумшӯҳурӣ ба толибилмони тоҷик дар тӯли як сол дарс хоҳанд гуфт.

Лентаи хабарҳо
0