Буянов: Русия омӯзгорони доғистониро бо ибтикори Раҳмон ба ҶТ мефиристад

© Фото : Информационный портал фонда "Русский мир"Ппредставитель фонда "Русский мир" Виктор Буянов, архивное фото
Ппредставитель фонда Русский мир Виктор Буянов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Намояндаи бунёди "Ҷаҳони русӣ" мегӯяд, ки маъмурияти омӯзгорони доғистонӣ дар Тоҷикистон тарҳи озмоишӣ буда як сол идома меёбад

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар остонаи Рӯзи дониш, Русия ба Тоҷикистон 20 тон китобҳои русӣ ва ҳафт омӯзгорони фаннҳои мухталифро барои дарсдиҳӣ дар мактабҳои русзабони Тоҷикистон доғистониро мефиристад.

"Раисҷумҳур милюн бор аз Русия чунин дархостро карда буд. Ӯ борҳо хоҳиш карда буд, ки аз Русия ба Тоҷикистон омӯзгорон ва китобҳо фиристода шаванд. Тасмими ниҳоӣ дар ин бора ҳангоми сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон гирифта шуда буд. То ҷое, ки хабар дорам, нахуст суҳбат аз сад мутахассис шуда буд. Аммо феълан 34 омӯзгор равон карда мешаванд. Ва ин тарҳ феълан озмоишӣ аст", — тавзеҳ дод раҳбари барномаҳои "Ҷаҳони русӣ" Виктор Буянов ба Sputnik Тоҷикистон.

Ба гуфти вай, тақсими омӯзгорони доғистонӣ ба мактабҳо ба Вазорати маорифи Тоҷикистон вогузор шудааст.

Пештар хабар додем, ки мӯзгорони доғистонӣ барои ошно шудан бо фарҳанги Тоҷикистон ба Маскав омаданд ва пас аз ин ба Тоҷикитон павроз хоҳанд кард

Ҳафт омӯзгор аз Доғистон ба сафари корӣ ба Тоҷикистон омодагӣ мебинанд. Дирӯз ин омӯзгорон ба Маскав омаданд ва ин ҷо онҳоро бо фарҳанг ва маданияти тоҷикон ошно хоҳанд кард.

Омӯзгорони доғистонӣ аз фаннҳои информатика, риёзӣ, кимиё ва биология ба толибилмони тоҷик дарс хоҳанд гуфт. Дар озмун барои сафар ба Тоҷикистон беш аз 70 омӯзгор ширкта карда буд.

Лентаи хабарҳо
0