ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Фаъолзанони суғдӣ ва бадахшонӣ дар рафти мизи мудавар нақши занро дар таҳкими сулҳу ваҳдат баррасӣ карданд, иттилоъ медиҳад равобити умуми Ҳукумати вилояти Суғд.
Бино бар иттилои манбаъ, ин маросим дар доираи Ҳафтаи фарҳангии ВМКБ дар вилояти Суғд баргузор шудааст.
Сараввал ба иштирокчиён оид ба пешравию муваффақиятҳои занони барӯманди вилояти Суғд филми кӯтоҳ намоиш дода шуд.
Ҳамчунин дар рафти мизи мудаввар аз ҷониби намояндагони ин ду вилоят — мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ВМКБ Абдураҳмонова Подшохоним, муовини аввали Раиси Шӯрои вилоятии Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Мавҷуда Бобоева, номзади илмҳои фалсафа ва сиёсатшиносӣ, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Назархудоева Лола, номзади илмҳои филология, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Алихонова Сайёра, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Умеда Ғаффорова, номзади илмҳои филология, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Хоруғ Шоҳфақирова Рушонгул ва сардори Раёсати захираҳои меҳнатии ташкилоти амонатии қарзии хурди "Имонинтернейшнл" Фирӯза Набиева маърӯзаҳои пурмӯҳтаво ироа гардид.
Дар интиҳои мизи мудаввар аз ҷониби ҷавондухтарони вилояти Суғд композитсияи адабӣ — мусиқӣ намоиш дода шуд.