Вазорати фарҳанг: рӯзҳои истироҳатӣ аз консертҳо баҳра баред

© SputnikПразднование Навруза в Душанбе
Празднование Навруза в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзҳои шанбе ва якшанбе душанбегиҳоро ҳунармандони Филармонияи давлатии Тоҷикистон, барномаи ҳунарии Ансамбли "Базморо" ва Ансамбли тарона ва рақси "Сомон" дар боғҳои истироҳатии пойтахт интизор мешаванд

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе метавонанд дар рӯзҳои истироҳат аз барномаҳои консертӣ, ки ба ифтихори Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва Соли ҷавонон дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, баҳра баранд, иттилоъ медиҳад равобити умуми Вазорати фарҳанги ҶТ.

Бино бар иттилои манбаъ, 19 августи соли 2017 соати 19:00 дар Кӯли ҷавонон барномаи консертии Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодӣ ва консертӣ, дар Боғи "Парчами давлатӣ" барномаи консертии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ва дар Боғи Ирам барномаи ҳунарии Ансамбли "Базморо" манзури тамошобинон мегардад.

Сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе метавонанд рӯзи якшанбе, яъне 20 августи соли 2017 соати 19:00 дар "Боғи Рӯдакӣ" аз барномаи консертии Ансамбли тарона ва рақси "Сомон" ва дар Кӯли ҷавонон аз барномаи ҳунарии Ансамбли давлатии хизматнишондодаи "Лола" ба номи Ғ. Валаматзода баҳра баранд.

 

Лентаи хабарҳо
0