Раисҷумҳур Маҷлиси ҳукуматӣ баргузор кард

© пресс служба президента РТ Эмомали Рахмон выступает перед жителями Хатлонской области
Эмомали Рахмон выступает перед жителями Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ барои таъмини иҷрои қонунҳои амалкунанда, қарору фармоишҳо ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ, кишти такрорӣ, омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи оғози соли хониш ва ҷашни истиқлол дастуру супоришҳо дод

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Рӯзи гузашта раиси Ҳукумати ҶТ Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси Ҳукумати Тоҷикистонро баргузор кард. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар иттилоъ медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, нахуст раиси шаҳри Турсунзода ҳисобот дод.

Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти шаҳри Турсунзода ҷиҳати татбиқи пурраи муқаррароти қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидани рафти корҳои бунёдкорию созандагӣ, кишти такрорӣ, ҷамъоварии ҳосил, ҳалли саривақтии мушкилоти мардум супоришҳо дод, гуфта мешавад дар хабар.

Инчунин, дар кори маҷлис лоиҳаи як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми пойтахти ҶТ", лоиҳаи Қонуни ҶТ "Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ "Дар бораи реклама", лоиҳаи Қонуни ҶТ "Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ", Дар бораи лоиҳаи Қонуни ҶТ "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни ҶТ "Дар бораи таърихи қарз (кредит)», лоиҳаи Қонуни ҶТ "Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни ҶТ "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" ва хулосаи Ҳукумати ҶТ ба лоиҳаи қонунҳои алоҳида ва кодексҳо муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод карда шуд.

Сипас ба баррасии аъзои ҳукумати мамлакат масоили вобаста ба Дастури Ҳукумати ҶТ, пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани маркази ноҳия-деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Тоҷикобод, Нақшаи генералии деҳаи Мурғоб — маркази ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Нақшаи генералии шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон, Нақшаи генералии деҳаи Ҷиликӯл — маркази ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон, Нақшаи генералии деҳаи Ховалинг — маркази ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, Низомномаи намунавии муассисаҳои давлатии таълимии навъи мактаб-интернат дар ҶТ ва тарифҳои неруи барқ ва гармӣ пешниҳод гардид.

Эмомали Рахмон, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон пешниҳодҳояшро қонунӣ кард

"Дар анҷоми кори маҷлиси Ҳукумати ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумат, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ барои таъмини иҷрои муқаррароти қонунҳои амалкунанда, қарору фармоишҳои Ҳукумат ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ, кишти такрорӣ, омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи оғози соли хониш ва ҷашни истиқлол дастуру супоришҳо дод",- гуфта мешавад дар гузориши манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0