ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Рӯзи 27 октябр дар Маскав Манижа Сангин ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Дар ин бора сарояндаи маъруф дар саҳифаи фейсбуки худ хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки консерти Манижа Сангин рӯзи 27 октябр дар толори консертии "Дом Союзов" баргузор мешавад.
Билетҳои консерти Манижа 2000 рубл ва бештар нахр доранд.
Пештар қарор буд, ки консерти овозхони машҳури тоҷик Манижа Сангин 7 июл баргузор шавад. Вале бо сабаби номусоидии боду ҳаво намоиши барномаи ҳунарии овозхони тоҷик ба таъхир уфтод.