ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, фоҷиа рӯзи 27 август сотаи 01:30 дар шоҳроҳи Ёвон-Данӯара рух додааст.
Ронандаи худрави тамғаи "Дулан", Акмал Ҷӯрақулови 32 сола, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ёвон ба ноҳияи Данғара, дар шоҳроҳи Ваҳдат-Норак-Данғара аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар роҳ чаппа шудааст.
"Дар натиҷа худи ронанда ва мусофири дохили худрав шаҳрванд Сафархон Абдуллоев соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Ёвон, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", — омадааст дар хабарнома.
Аз рӯӯи ин қазия кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтишот бурда истодаанд.