ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Духтари хурдии нахустин кишвардори Узбакистон, Лола Каримова-Тиллоева аз вазифаи сафири сулҳи Узбакистон дар ЮНЕСКО истеъфо дод.
Ба иттилоъи хабаргузории Reuters, ин қарори Лола, пас аз ҳамоиши мероси фарҳангии Узбакистон маълум шуд.
Ба қавли Лола ӯ бо далели бо пуррагӣ ба фаъолияти бунёди хайриявии Ислом Каримов машғул шудан, аз ин симат меравад.
"Ман нақша дорам, ки дар ояндаи наздик бештар бо хонавода, ҳадафҳои шахсӣ, тарҳҳои бунёди хайриявии Ислом Каримов ва дигар корҳои фарҳангию хайриявӣ машғул шавам",-шарҳ дод Лола Каримова.
Чанде пеш хабар дода шуд, ки Шавкат Мирзиёев ба оромгоҳи Ислом Каримов гулдаста гузошт ва сафари худро ба Самарқанд аз зиёрати оромгоҳи ӯ оғоз кард.