Охирин душанбеи тобистон: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

© Sputnik / Устинов / Гузариш ба медиабонкЗакат над Амударьей, архивное фото
Закат над Амударьей, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, 28 август, охирин душанбеи тобистони соли 2017. Боду ҳавои Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Бино ба гузориши созмони обуҳавошиносии кишвар имрӯз, 24 август дар бештари минтақаҳои кишвар ҳаво тағйирёбанда боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо ҳарорати ҳаво то ду дараҷа паст мешавад.

Бар асоси пешгӯии ин марказ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.

Тибқи додаҳои манбаъ, ҳарорат дар ғарби вилоят аз 27то 32 дараҷа ва дар шарқи он аз 15 то 20 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Город Душанбе весной. Парк Рудаки, Национальная библиотека. - Sputnik Тоҷикистон
Ҳарорат паст мешавад: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Дар вилояти Хатлон ҳарорати ҳаво аз 34 то 39 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво аз 31 то 36 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда мешавад. Гармии ҳаво дар водиҳо шабона ба 12-17 ва рӯзона ба 32-37 дараҷа мерасад.

Дар Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорат шабона 13-15 ва рӯзона 35-37 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Лентаи хабарҳо
0