Туркия ва Тоҷикистон мушкилоти шаҳрвандонашонро баррасӣ карданд

© МИД РТВстреча представителей МИД Таджикистана с Турцией
Встреча представителей МИД Таджикистана с Турцией - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Душанбе машвартҳои консулии Вазоратҳои хориҷии Тоҷикистону Туркия баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати умури хориҷии ҶТ, дидори намояндагони Тоҷикистону Туркия рӯзи 25 август баргузор шудааст.

Дар чорабини мазкур масъалаҳои консулӣ, ҳуқуқӣ ва мушкилиҳои шаҳрвандон баррасӣ шудааст.

Ба гузориши манбаъ, ҳамчунин дар ин дидор масоили мубориза бар зидди терруризми байналмилалӣ мавриди муҳокима ва баррасии тарафҳо қарор гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки соли гузашта чунин машваратҳои консулӣ дар шаҳри Анқараи Туркия баргузор гардида буд.

Лентаи хабарҳо
0