Тоҷикистон аз Ҷопон чаҳор мошини барфрӯб дарёфт мекунад

© КЧС ТаджикистанаКЧС и Правительство Японии подписали новые проекты в сфере ЧС
КЧС и Правительство Японии подписали новые проекты в сфере ЧС - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи авзоъи изтирории Тоҷикистон аз Ҳукумати Ҷопон чаҳор мошини барфрӯб дарёфт хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Кумитаи авзоъи изтирорӣ ва дифоъи ғайринизомии Тоҷикистон ва Сафорати Ҷопон дар Душанбе қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд.

Бино ба иттилоъи равобити умумии Кумита, ин қарордод дар чорчӯби иҷрои Барномаи кумакҳои бебозгашт (GGP) имзо шудааст, ки онро Ҳукумати Ҷопон сармоягузорӣ мекунад.

Бар пояи ин қарордод, ки кордори муваққати Ҷопон дар Тоҷикистон Томоҳиро Накагакӣ ва намояндагони Кумита дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияҳои тебеъи ҷумҳурӣ имзо шудааст, Тоҷикистон аз Ҷопон ба маблағи 401,8 ҳазор дулор корафзорҳои барфрӯбӣ дарёфт хоҳад кард.

Раиси Кумита сипаҳбад Рустам Назарзода, ки дар ин маросим ҳузур дошт, ба Ҳукумати Ҷопон барои пуштибонӣ аз тарҳи мазкур ва кумаки беғаразона изҳори миннатдорӣ кард.

Лентаи хабарҳо
0