ДУШАНБЕ, 26 авг- Sputnik. Намояндагони нахустин ҷараёни муҳоҷиратӣ дар Русия пас аз чанде бознишаста хоҳанд шуд. Вале ин муҳоҷирон наметавонанд ба ҳаққи арзишманди бознишастагӣ умед баста бошанд.
Гап сари ин, ки ин нафарон дар Тоҷикистон ҳаққи ҳифзи иҷтимоиро пардохт накардаанд, мегӯяд раҳбари Ассотсиатсияи таҳқиқоти сиёсат ва идораи давлатӣ Михаил Петрушков.
"Аксарияти муҳоҷироне, ки 15-20 сол пеш ба Русия сафар кардаанд, пас аз чанде бознишаста мешаванд. Ва албатта онҳо аз ҳукумат ҳаққи бознишастагӣ талаб хоҳанд кард. Чигуна давлати мо аз ӯҳдаи ин кор мебарояд? Хусусан барои ман ин муаммо аст. Чун муҳоҷирони тоҷике, ки дар Русия кор мекунанд ба Бунёди ҳифзи иҷтимоӣ тангае пардохт намекунанд. Мушкилотро аз нигоҳи инсонпарварӣ бояд ба гунае ҳал кард. Вале чӣ гуна-нофаҳмо аст", — гуфт Петрушков дар суҳбат бо радиои Sputnik.
Вазорати кору муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ қасд дорад, ки то соли 2018 бо Русия дар масоили додани ҳаққи бознишастагӣ ба муҳоҷирони тоҷик ба мувофиқа расад.
Вале агар ҳукумати Тоҷикистон бо Русия дар ин росто мувофиқа кунад, ҳаққи бозинашастагиро фақат муҳоҷироне дарёфт хоҳанд кард, ки дар Русия қонунан буду бош ва кору фаъолият доранд, ки ба гуфти коршинос шумораи ин гурӯҳи муҳоҷирон дар Русия ангуштшумор аст.