ДУШАНБЕ, 26 авг- Sputnik. Шаҳрванди Русия Татяна Хужина, ки барои қочоқи тангаҳои қадим дар Тоҷикистон боздошт шуда буд, ҷаримаашро супорид ва ҳуҷҷатҳояшро гирифтаву ҳуқуқ дорад Тоҷикисторо тарк кунад.
Вай ҷаримаашро бо кумаки тоҷикони маҳаллӣ ва рӯзноманигори маҷаллаи русии "Коммерсант" — Кирилл Кривошеев пардохт кардааст.
Корбарони фейсбук қарори додгоҳи Душанберо ноадолатона хонданд.
Онҳо барои "дилхунук нашудан аз зиндагию одамон" мардумро барои кумак ба Татяна фаро хонданд.
Пештар хабар дода шуд, ки Татяна бо далели пардохт накардани ҷаримааш наметавонад Тоҷикистонро тарк кунад.
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур Татяна Хужина, шаҳрванди Русияро дар қочоқи тангаҳои қадим гунаҳкор дониста, ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё 5 ҳазор сомонӣ ҷарима баст.