Тоҷикистониён мехоҳанд дар пардохти ҷарима ба Татяна Хужина кӯмак кунанд

© SputnikТатьяна Хужина, архвное фото
Татьяна Хужина, архвное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки тайёранд ба Татяна Хужина дар пардохти ҷаримаи 5000-сомонӣ кӯмак кунанд

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Корбарони Фейсбук дар пардохти ҷаримае, ки додгоҳи Тоҷикистон ба Татяна Хужина муайян кардааст, кӯмак мекунанд.

Пештар додгоҳи Тоҷикистон шаҳрванди Русия Татяна Хужинаро дар қочоқи тангаи қадима гунаҳгор дониста, қарор карда буд, ки Хужина 5000 сомонӣ ҷарима шавад.

БоздоштИ Татяна ва додгоҳи шудани парвандаи вай сару садоҳроеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Қисме аз корбарон қарор додгоҳи Тоҷикистонро ноадолатона хондаанд.

"Тангаро вай ҳамроҳаш оварда будааст ва он моли шахсии Татяна ба ҳисоб меравад. Куҷои ин амали вай ба қочоқ бошад?!",- менависад Мақсуд Самадов.
Чанде аз корбарон гуфтаанд, то "ин ки дили Татяна аз одамон намонанд" ба вай барои пардохти ҷарима кӯмак мекунанд.

"Чӣ гуна метавонем ба зани кӯмакамонро расонем? Касе медонад, ки чӣ гуна бо ӯ иртибот гирем. Ман медонам, ки вай ҳоло дар мушкилии рӯҳӣ ва равонӣ қарор дорад",- менависад Фируза Сайфуллоева.

Дар навбати худ, Валентина Мирзобоева мегӯяд кӯмаки тоҷикон боиси бварқарор шудани эътиқоди Хужина нисбати мардуми тоҷик мешавад.

Корбарони Фейсбук ҳамчунин гуфтаанд, ки вазъи бамиёномада бо Татяна Хужина аҳволи муҳоҷиронро дар Русия бадтар мекунад.
"Худое нокарда, ин падида ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия таъсири худро расонад",- навиштааст дигаре дар Фейсбук.

Лентаи хабарҳо
0