ДУШАНБЕ, 26 авг- Sputnik. Ба гузориши равобити умумии шаҳрдорӣ, дирӯз 25 август дар маркази шаҳри Душанбе бо ширкати раиси пойтахт Рустам Эмомалӣ рӯнамоии истгоҳи нав баргузор шуд.
Интизор меравад, ки дар ҳудуди пойтахт 36 адад истгоҳҳои нави замонавӣ сохта шавад.
Бино ба иттилоъи манбаъ, истгоҳи намунавӣ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии "Ободонӣ"-и шаҳри Душанбе дар асоси лоиҳаи Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷорияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сохта шудааст.
"Намунаи аввали истгоҳи нақлиёти ҷамъиятӣ дар мутобиқат ба меъёрҳои байнулмилалӣ ва бо назардошти сабку услуби меъмории миллӣ бунёд гардида, тибқи лоиҳа он аз ҷойи нишаст, нуқтаи фурӯши маҷаллаву рӯзномаҳо ва кортҳои электронии пардохти роҳкиро, таблоҳои электронӣ барои пешниҳод намудани маълумот ба сокинону меҳмонони пойтахт доир ба замон ва шумораи хатсайрҳо ва таблоҳои таблиғотӣ иборат мебошад",- омадааст дар хабарнома.
Гуфта мешавад,ки тибқи лоиҳа дар истгоҳ нуқтаи хизматрасонии телефони шаҳрӣ насб гардидааст.
Муаррифгарони тарҳ гуфтаанд, ки барои нахустин бор дар бунёди истгоҳ хизматрасониҳои муосир бо истифода аз технологияи пешрафтаи иттилоотӣ истифода гардида, истгоҳ ва иншооти хизматрасонии он аз масолеҳи тобовар ба ҳолатҳои гуногуни табиӣ бунёд гардидааст.
"Ҳудуди истгоҳ тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад, ки ин барои пешниҳод кардани хизматрасонии босифат мусоид хоҳад кард".
Рустами Эмомалӣ дастур додааст, ки дар вақти бунёди чунин иншоот ба истифода намудани масолеҳи хушсифати истеҳсоли ватанӣ диққати махсус дода шавад, то ки иншооти мазкур солҳои зиёд ба мардум хизмат расонад.
Мувофиқи маълумоти Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳудуди хатсайри фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе — корхонаи "Сементбарорӣ" 36 адад истгоҳҳои намунавии нав бунёд мешаванд.