Рустам Эмомалӣ дар Душанбе билетҳои электронӣ ҷорӣ мекунад

© SputnikРустам Эмомали проверяет работу системы электронного платежа
Рустам Эмомали проверяет работу системы электронного платежа - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дастур додааст дар нақлиёти умумии пойтахт низоми пардохти электронии роҳкиро ҷорӣ гардад

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе қарор дода, ки пардохту поиш ё контроли роҳкиро дар нақлиёти умумии пойтахт электронӣ шавад.

Бино ба иттилоъи дафтари равобити умумии шаҳрдории Душанбе, Рустам Эмомалӣ дирӯз қарори амалисозии тарҳи "Низоми пардохти электронии роҳкиро ва назорати он дар нақлиёти мусофирбари автомобилии истифодаи умуми шаҳри Душанбе"-ро имзо кардааст.

Рустам Эмомали проверяет работу системы электронного платежа - Sputnik Тоҷикистон
"Раҳмат": Рустам Эмомалӣ низоми электронии пардохтро санҷид

Иҷрои ин тарҳ дар чорчӯби ҳамкориҳои бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ аз ҳисоби ширкати маҳдудмасъулияти "Авесто" сармоягузорӣ карда мешавад.

Сомонаи худкори пардохту поиши роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари Душанберо ширкати белорусии "IBA-Group" тарроҳӣ кардааст. Он чанде пеш дар 29 автобус ва 28 троллейбус дар хиёбони Рӯдакӣ озмоиш шуд ва акнун қарор шуда, ки дар ҳама масирҳои мусофирбарии шаҳр роҳандозӣ шавад.

Лентаи хабарҳо
0