Дараҷаҳои нави Юсуф Раҳмон, Рамазон Раҳимзода ва Саймумин Ятимов

© Sputnik / Амир ИсаевСаймумин Ятимов. Архивное фото
Саймумин Ятимов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар остонаи ҷашни истиқлоли Тоҷикистон роҳбарони Додситонии кулл, Вазорати умури дохила ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дараҷаҳои махсуси "генерал-полковники адлия", "генерал-полковники милитсия", "генерал полковник" дарёфт карданд

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни истиқлоли Тоҷикистон додситони кулл Юсуф Раҳмонро бо дараҷаи генерал-полковники адлия, вазири умури дохила Рамазон Раҳимзодаро бо дараҷаи генерал-полковники милиса ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимовро бо дараҷаи генерал-полковник сарфароз кард.

Ба гузориши Дафтари матбуотии раисҷумҳурӣ, бо фармонҳои раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин бархе аз кормандони Вазорати умури дохила, Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ ва Гвардияи миллӣ бо дараҷаҳои "генерал-майори милитсия", "генерал-майор", "генерал-майори гвардия" сарфароз шуданд.

Дар маросими эътои ҷоизаҳои давлатӣ, ки имрӯз баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон 300 кас аз кормандони ниҳодҳои давлатӣ, нерӯҳои низомӣ ва интизомӣ, илмиву фарҳангӣ, иқтисоду бозаргонӣ ва хидматгузорони давлатиро барои дастовардҳои чашмгир дар кору хадамоташон бо ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон — нишони "Зарринтоҷ" дараҷаи II, нишони "Спитамен" дараҷаи II, нишони "Шараф" дараҷаҳои I ва II, медоли "Ҷасорат", медоли "Хидмати шоиста", медоли "Шафқат", унвонҳои ифтихории "Нависандаи халқии Тоҷикистон", "Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон", "Корманди шоистаи Тоҷикистон" ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз кард.

Лентаи хабарҳо
0