Пизишкони қирғиз дар Тоҷикистон таҷрибаомӯзӣ мекунанд

© Sputnik / Варвара Гертье / Гузариш ба медиабонкХирурги на операции, архивное фото
Хирурги на операции, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Даври омӯзишӣ дар мавзӯи “Лейшманиозҳо ва роҳҳои мубориза бар зидди онҳо” рӯзҳои 21 – 26 августи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемориҳои тропикӣ” ва дигар муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакенти вилояти Суғд баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Бо дастгирии Ҳукумати ҶТ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ баргузории даври омӯзиширо оид ба мубориза бо бемориҳои сироятӣ, бахусус бемории лейшманиозҳо барои мутахассисони соҳаи тибби Ҷумҳурии Қирғизистон шурӯъ намуд.

Даври омӯзишӣ дар мавзӯи "Лейшманиозҳо ва роҳҳои мубориза бар зидди онҳо" рӯзҳои 21 — 26 августи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемориҳои тропикӣ" — и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, давоми ҳафта дар дигар муассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакенти вилояти Суғд идома меёбад.

Даври омӯзишии мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Қирғизистон доир карда шуда, дар он ҳафт нафар мутахассисони қирғиз аз таҷрибаи мутахассисони тоҷик дар самти мубориза ва пешгирии бемории лейшманиозҳо огаҳӣ пайдо карда, вобаста ба ин масъала мубодилаи таҷриба хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0