ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Шаҳрдории Исфара дар остонаи оғози соли нави хониш ба бархе аз донишомӯзони бесарпараст ва камнаво пӯшоки мактабӣ ва донишафзор тақдим кард.
Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, шаҳрдори Исфара Дилшод Ҷабборӣ ва раисони ҷамоатҳо дар чорчӯби барномаи хайрияи "Роҳ ба сӯи мактаб" ба 28 кӯдак аз хонаводаҳои камнаво ва бесарпараст пӯшоки мактабӣ ва китобу дафтару навиштафзор тақдим карданд.
Пештар хабар дода будем, ки Вазорати маорифу илми Тоҷикистон бо интишори дастурламале пӯшокеро барои донишомӯзони мактабҳои кишвар пешниҳод кардааст.
Дар ин дастурамал гуфта мешавад, ки донишомӯзони духтар набояд дар мактабҳо ҳиҷобу доманҳои тангу кӯтоҳ пӯшанд. Ҳамчунин ороиши чеҳра, доштани нохунҳои дароз ва бештар аз як ҷуфт гӯшвор ва ангуштарӣ мамнуъ шудааст.
Бино бар ин санад, донишомӯзон иҷоза доранд сарбанду кулоҳи тоҷикӣ бар сар гузоранд.
Донишомӯзони писар ҳам набояд риш монанд ва мӯйҳояшонро дароз кунанд.