ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба тамоми мактабҳо дастур додааст, ки омӯзгорон ва духтарони толибилм то анҷоми тантанаҳои Наврӯзӣ бо либосҳои атласу адрас ва чакан ба дарс ҳозир шаванд.
Номаи мазкур ба тамоми мактабҳо равон карда шуда, дар он мақсади асосӣ, эҳёи анъанаҳои ниёгон ва таҷлили шоистаи Наврӯз гуфта мешавад.
Эҳсони Хушбахт сухангӯи вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба рӯзноманигорон гуфт, ки пӯшидани либоси миллӣ дар арафа ва рӯзҳои иди Наврӯз танҳо табиати тавсиявӣ дорад.
"Мо ҳеҷ касро ба зӯрӣ маҷбур намекунем, ки куртаи атлас пӯшанд. Толибилмон дар баробари либоси мактабӣ дар моҳи март метавонанд дар мактаб куртаи зебои атлас ё адрас ба бар намоянд",-гуфт Эҳсони Хушбахт.
Соли 2017 Тоҷикистон мизбони ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳаст. Чун анъана роҳбарони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз бояд имсол дар Тоҷикистон гирд оянд.
"Мо дар бораи ин иқдоми вазорати маориф шунидем, вале дар мактаб бароямон то ҳол дастур надодаанд. Агар дастур шавад ман бо хурсандӣ куртаи атлас ба бар мекунам",-гуфт омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ба қавли ӯ чунин иқдом бори аввал нест, барои ҳамин ҳам шаҳрвандон аллакай одат кардаанд.
Донишҷӯи донишгоҳи Технологии Тоҷикистон низ ин иқдоми вазорати маорифро хуш пазируфт.
Матлуба гуфт, ки дар баробари хусусияти иҷборӣ доштани дастур ин иқдом як баҳонаи хуб барои дӯхтани куртаи нави атлас мешавад. Бори аввал нест, ки ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати эҳёи анъанаҳои ниёгон ва нигоҳдории фарҳанги бойи тоҷикон истифодаи матоҳои миллиро тағриб менамоянд.
Либоси анъанавӣ аз атлас ҳанӯз дар даврони пеш дар Тоҷикистон машҳур буд. Матои атлас аз абрешим омода шуда, салқиниро нигоҳ медорад. Гулдухтарони тоҷик ба бар кардани либоси атласро махсусан дар арафаи иди "Наврӯз" дӯст медоранд. Солҳо мегузаранд, вале атлас зебогии худро гум намекунад.
Ҳамин тавр дар вилояти Суғд соли дуюм ҷашнвораи атлас ва адрас баргузор мешавад. Дар доираи он беҳтаринҳо дар чанд бахш муайян гардида, соҳиби тӯҳфаҳо мегарданд.
Чанде қабл ҳукумати Тоҷикистон барои ба мероси ғайримоддии ЮНЕСКО дохил кардани атлас ариза пешниҳод кард.