ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Нависандаву коргардони ҷавон Аниса Собирӣ ва устодони Донишгоҳи русӣ-тоҷикӣ қасд доранд рӯзи ҷумъа ба Кӯҳистони Масчо сафар кунанд ва ба яке аз мактабҳои ноҳия китобу донишафзор (василаҳои дарсиву донишомӯзӣ) бибаранд.
Чуноне, ки Аниса Собирӣ ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, ин иқдоми онҳо пас аз он сурат гирифтааст, ки устодони донишгоҳ пештар ба вилояти Суғд рафтаву бо мушкилоти донишомӯзону омӯзгорони Кӯҳистони Масчо ошно шуда буданд.
Қарор аст ин донишафзорҳо ба калонтарин мактаби ноҳия дода шаванд, ки дар он аз чаҳор деҳа донишомӯзон таҳсил мекунанд.
Аниса Собирӣ дар яке аз гурӯҳҳои Фейсбук фарохон дода, ки ҳар хоҳишманде метавонад ба онҳо кумак кунад. Ба гуфтаи вай, хоҳишмандон бисёранд.
"Сафири Укроина дар Тоҷикистон ваъда додааст, ки барои мо китоб мехарад. Имрӯз бояд онҳоро ба ман супорад", — мегӯяд вай.
Касоне, ки мехоҳанд ба ин иқдоми нек ҳамроҳ шаванд, метавонанд бо ин шумора тамос бигиранд: +992 907 709 906