Дар мактабҳои Суғд ҳудуди 900 танӯр ва 1000 оташдон насб шуданд

© Sputnik / Стас ЭтвешТандыр, архивное фото
Тандыр, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд, то имрӯз дар муассисаҳои таълимии шимоли Тоҷикистон 859 танӯр ва 1044 оташдон насб кардаанд

ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. То имрӯз дар муассисаҳои таълимии вилояти Суғд камубеш 900 танӯр ва 1000 оташдон насб шудааст.

Чуноне, ки Осим Каримзода дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ҳоло дар 669 мактаби шаҳру навоҳии вилоят маҳфилҳои рӯзгордорӣ ташкил шуда, 859 танӯр ва 1044 оташдон насб шудааст.

"Инчунин, дар назди муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо 290 маҳфили сӯзанидӯзӣ, 328 маҳфили қолибофӣ, 64 маҳфили атласу адрасбофӣ таъсис ёфтаанд", — омадааст дар гузориши расонаҳои маҳаллӣ аз ин суҳбат.

Ба гуфтаи Осим Каримзода, раёсати маориф барои ташкили маҳфилҳои қолибофӣ дар мактабҳо беш аз 1000 дастгоҳи қолибофӣ харид кардааст.

Лентаи хабарҳо
0