ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд имрӯз, меҳмонон аз ВМКБ ба чаҳор гурӯҳ ҷудо шудаву дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои гуногуни Суғд барномаи фарҳангӣ намоиш хоҳанд дод.
Гурӯҳи якуми меҳмонон дар шаҳри Хуҷанд қарор доранд. Онҳо аз Минтақаи озоди иқтисодии "Суғд", Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Маҷмааи таърихию фарҳангии "Қалъаи Хуҷанд", маркази таълимӣ-истеҳсолии "Дугонаҳо" боздид менамоянд.
Гурӯҳи дуюм дар шаҳри Панҷиканд қарор доранд. Онҳо дар Кохи фарҳанги ин шаҳр намоишномаи театриро пешниҳоди тамошобинони ин ҷо мекунанд.
Қарор аст, ки меҳмонон аз Осорхонаи ҷумҳурияӣ-таърихӣ ва кишваршиносии ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва мавзеи таърихии Саразм боздид намуда, дар маҳфили адибон дар толори мактаби №71 шаҳр ва барномаи фарҳангӣ дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ширкат кунанд.
Гурӯҳи сеюми меҳмонон дар шаҳри Истаравшан қарор доранд. Ин гурӯҳи фарҳангиён, намоишномаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии ноҳияи Ишкошимро пешниҳоди сокинони шаҳри Истаравшан мегардонанд.
Дар назар аст, ки меҳмонон аз корхонаи қолинбофии ҳунарманд Абдуҷаббор Ҳамдамов, Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ, Литсейи касбии рақами 14, растаи оҳангарон, Маркази фарҳанги "Ҳушанг", Маҷмааи Ҳазрати Шоҳ, Осорхонаи таърихӣ-кишаршиносӣ, ёдгории таърихии Сабристон, корхонаи "Оби зулол" боздид намоянд.
Бегоҳии ҳамин рӯз ҳунармандони Шуғнон ва Ишкошим дар назди Маҷмааи Садбарги шаҳр барномаи фарҳангӣ иҷро мекунанд.
Гурӯҳи чаҳоруми меҳмонон, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қарор доранд, дар маҳфили ҷавонон ва адибон ширкат карда, дар Кохи фарҳанги Гулистони ноҳия намоишномаи театриро пешкаши сокинон менамоянд.
Шоми имрӯз ҳунармандони Рӯшон, Ванҷ ва Мурғоб дар кохи фарҳанги Гулистон барномаи фарҳангӣ намоиш медиҳанд.
Пештар хабар дода будем, ки фарҳангиёни Бадахшонро дар вилояти Суғд бо нону асал таҳти навои карнаю сурнай пешвоз гирифтанд.
Ҳафтаи фарҳанги вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд аз 21 то 26-уми августи соли 2017 баргузор мешавад.