ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Дар чорчӯби Ҳафтаи фарҳанги ВМКБ дар вилояти Суғд баргузории барномаҳои ҳунариву намоишӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷиканд, Истаравшан, Конибодом, Исфара ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Ҷаббор Расулов дар назар аст.
Дар ин бора хадамоти матбуъотии ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Фарҳангиёни бадахшонӣ дар чорчӯби ин сафари ҳунарӣ аз мавзеъҳои торихиву фарҳангии қалъаи Хуҷанд, маҷмаъаҳои "Истиқлол" ва Нақибхон Туғрал, оромгоҳи устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, шаҳри бостонии Саразм, қасри Арбоб, маҷмаъаи Ҳазрати Шоҳ ва музеи шаҳри Истаравшан, музеи Мирраҷаб Додхоҳи Конибодом, боғи фарҳангиву фароғатии Сайфуддини Исфарангӣ ва дигар ҷойҳо боздид хоҳанд кард.