Садорат Мамадқулова ба давраи ниҳоии озмуни ҷаҳонии "Зеботарин лабханди ҷаҳон" роҳ ёфт

© Фото : Smile UniverseСадорат Маматкулова, архивное фото
Садорат Маматкулова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Зебодухтари тоҷик дар давраи ниҳоии озмуни байналмилалии "Зеботарин лабханди ҷаҳон" бо 13 довталаб рақобат хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Садорат Мамадқулова- зебосанами тоҷик, ки дар озмуни байналмилалии "Smile of Universe" ширкат меварзад, ба давраи ниҳоӣ роҳ ёфтааст.

Садорат Маматкулова - Sputnik Тоҷикистон
Гуле аз Гулистон барои унвони "зеботарин лабханди ҷаҳон" мубориза мебарад

Чуноне, ки вебгоҳи расмии озмун иттилоъ медиҳад, ба даҳгонаи давраи ниҳои озмуни зеботарин лабханд 14 довталаб аз 8 кишвари ҷаҳон — Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Русия, Укроин, Исроил, Австралия ва Литва роҳ ёфтаанд. Куллан дар ин озмун духтарон аз 15 кишвар ширкат кардаанд.

Гуфта мешавад давраи ниҳоии озмунро родиёи ЛипетскFM рӯзи 23-юми август соати 08:05 то 08:15 мустақим пахш хоҳад кард, ки онро метавон аз ин пайванд гуш кард.

Садорат Мамадқулова 25 сол дорад ва дар яке аз созмонҳои бонкӣ фаъолият дорад.

Озмуни байналмилалии "Лабханди ҷаҳон" озмуне иҷтимоъӣ аст, ки дар он хонумҳое метавонанд ширкат кунанд, ки 18 ва бештар сол дошта бошад. Қаду қомату вазну вазъи хонаводагии бонувон муҳим нест.

Муҳимтарин меъёр дар ин озмун доштани назари мусбат ба зиндагӣ ва лабханди зебо аст.

"Ҳадафи аслии ин тарҳ — усутувор кардани дӯстӣ миёни мардумони ҷаҳон аст. Ин озмун бо ҳадафи ташвиқи ханда, некӣ ва хушрафторӣ бо дигарон баргуор мешавад. Яке дигар аз ҳадафҳои тарҳ шиносоии духтаронест, ки нигоҳи мусбат ба зиндагӣ ва лабханди зебо доранд", — гуфта мешавад дар вебгоҳи озмун.

Барандагони ин озмун на танҳо диплому ҷоиза, балки пешниҳоди ширкат дар тарҳҳои иҷтимоъиро низ дарёфт мекунанд. Ҷоизаи аслии ин озмун 2 ҳазор дулори амрикоӣ аст, ки ба дорандаи зеботарин лабханд тақдим мешавад.

Ин озмун моҳи майи соли равон оғоз шуд. Он аз се давра — чорякфинал, нимниҳоӣ ва ниҳоӣ иборат аст.

Лентаи хабарҳо
0