ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Зебодухтари тоҷик Садорат Маматқулова барои ба даст овардани унвони "Зеботарин лабханди ҷаҳон" дар озмуни зебоии "Smile of Universe" ширкат дорад.
Садорат 25-сола ва аз шаҳри Гулистон аст ва дар яке аз созмонҳои бонкӣ кор мекунад. Вай дар ин озмун ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтааст.
Дар ин давр аз озмун корбарони вебгоҳи "Лабханди ҷаҳон" аксҳои довталабонро интихоб мекунанд. Даври чаҳорякниҳоӣ дар ҳар кишваре ҷудогона баргузор мешавад ва ҳар довталабе бештар имтиёз ба даст оварад, ба даври ниманиҳоӣ роҳ хоҳад ёфт.
Озмуни байналмилалии "Лабханди ҷаҳон" озмуне иҷтимоъӣ аст, ки дар он хонумҳое метавонанд ширкат кунанд, ки 18 ва бештар сол дошта бошад. Қаду қомату вазну вазъи хонаводагии бонувон муҳим нест.
Муҳимтарин меъёр дар ин озмун доштани назари мусбат ба зиндагӣ ва лабханди зебо аст.
"Ҳадафи аслии ин тарҳ — усутувор кардани дӯстӣ миёни мардумони ҷаҳон аст. Ин озмун бо ҳадафи ташвиқи ханда, некӣ ва хушрафторӣ бо дигарон баргуор мешавад. Яке дигар аз ҳадафҳои тарҳ шиносоии духтаронест, ки нигоҳи мусбат ба зиндагӣ ва лабханди зебо доранд", — гуфта мешавад дар вебгоҳи озмун.
Барандагони ин озмун на танҳо диплому ҷоиза, балки пешниҳоди ширкат дар тарҳҳои иҷтимоъиро низ дарёфт мекунанд. Ҷоизаи аслии ин озмун 2 ҳазор дулори амрикоӣ аст, ки ба дорандаи зеботарин лабханд тақдим мешавад.