Планшет бурд кун: мақомоти Суғд озмун эълом кардааст

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкРабота на планшете
Работа на планшете - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Озмун байни кӯдакон ва наврасон таҳти шиори “Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ” гузаронида мешавад

ДУШАНБЕ, 1 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии мақомоти вилояти Суғд, lавраи аввали озмун аз 15 июн то 5 октябр давом мекунад.

Даври ниҳоӣ дар рӯзҳои таҷлили 100-солагии Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ҷамъбаст мегардад.

Барои ширкат дар озмун толибилм бояд, ҳамчун истифодабарандаи расмии китобхонаи ин ё он деҳа, шаҳрак ва ё шаҳр ба қайд гирифта шуда, соҳиби варақаи хонанда (формуляр) бошад.

Трудовые мигранты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҷоизаи гаронбаҳо: озмун барои афроди то 35-сола

Манбаъ меафзояд, ки довталаб ба ҳайъати ҳакамон рӯйхати китобҳои мутолиакардаашро ҳамроҳ бо шарҳи мухтасари мундариҷаи асари бадеӣ (то як саҳифаи нашрӣ барои як асар) пешниҳод намояд.

Ба ҳар иштирокчӣ ҳайъати ҳакамон панҷ савол аз рӯи  мазмуну мундариҷа, сюжет, персонажҳо, муаллиф ё тарҷумони асар ҳар як ҷавоб то 10 хол гузошта мешавад.

Барои ширкат дар сабқат хонандае роҳ меёбад, ки на камтар аз 20 китоби бадеӣ хонда бошад.

Fолиби озмун бо планшет ва дигар иштирокчиёни фаъол бо туҳфаҳои хотиравии Раёсати фарҳанги вилояти Суғд ва садорати Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ  қадрдонӣ мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0