Задухӯрди шабона: аз кушта шудани ду қочоқбари афғон то боздошти сокини Ҳамадонӣ

© Sputnik / Хушнуд Рахматуллаев / Гузариш ба медиабонкВ районе Пянджского погранотряда на таджикско-афганской границе
В районе Пянджского погранотряда на таджикско-афганской границе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаби 15 август миёни қочоқбарони афғон ва марзбонони тоҷик задухӯрд ба амал омад

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Ба гузоришии равобити умумии ВКД ҶТ, дар паи ин задухӯр ду марзшикани афғон кушат шуда бо иттиҳоми гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир сокини ноҳияи Ҳамадонӣ дасгир шуд.

Задухӯрд миёни марзбонони вилояти Хатлон ва дар вилояти Хатлон ва қочоқчиёни Афғонистон: Ҳабибулло валади Насрулло Махсум соли таваллудаш 1983, Розгул валади Қаҳрамон соли таваллудаш 1983, бо тахаллуси "Қумондон", Башир валади Ҳомид соли таваллудаш 1978, бо тахаллуси "Девона", Маҳмад валади Давлатманд соли таваллудаш 1978, Камол валади Раҳматшо ва Муҳибулло валади Насриддин, сокинони вилояти Тахор ба амал омадааст.

Уничтожение наркотических средств в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Самад Зафар: дар шаш моҳ 12 ҳазор бор қочоқи маводи мухаддир ошкор шуд

Дар паи баргузории корҳои вижаи ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Алишер Ниёзови 35 сола, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ки пеш бо моддаи 200 қисми 3 Кодекси ҷиноятӣ суд шудааст, дастгир шуд.

Ду қочоқчиёни афғон ба ҳалокат расида, дигар ҳаммаслаконашон дар кофтуков қарор доранд.

Ҳамин тариқ аз нашъаҷаллобон 3-адад халтаи полиэтиленӣ бо миқдори зиёди маводи нашъадор дарёфт ва мусодира гардид, ки дар умум аз қочоқчиён ба миқдори 114 килограмму 061 грамм маводи нашъадор, аз он ҷумла 83 килограмму 061 грамм навъи "ҳашиш", 21 килограмму 200 грамм "афюн" ва 9 килограмм "бангдона" гирифта шуд.

Манбаъ меафзояд, ки аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Пештар хабар дода будем, ки марзбонони тоҷик аз дасти қочоқбарони афғон оромиро дар "хоб" мебинанд.

Қочоқбарони афғон усулҳои худро дигар мекунанд. Вақтҳои охир қочоқбарон роҳи худро ба истифода аз силоҳ мекушоянду ба "марзбонон"-и тоҷик оромӣ намедиҳанд.

Солдат вооруженных сил Таджикистана на границе с Афганистаном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Марзбонони тоҷик оромиро танҳо дар “хоб” мебинанд

Коршиносони тоҷик аз вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон нигаронанд. Онҳо мегӯянд, ки гурӯҳҳои ғайридавлатии Афғонистон дар ҷустуҷӯи сарчашмаҳои нави даромад ҳастанд.

Толибон ҷаҳд доранд нафақат сарчашмаи истеҳсоли тиллову ёқуту лоҷуварро дошта бошанд, балки қочоқи маводи мухаддиро низ зери назорати худ бигиранд.

Кордонон тамоюли дигареро мушоҳида кардаанд – ҷангиён роҳҳои қочоқи маводи мухаддиро ба василаи истифода аз силоҳ мекушоянд.

Аз ҷумла аз авоили соли равон то ин дам дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 10 кӯшиши рахнакунии мусаллаҳонаи марз пешгирӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0