ДУШАНБЕ, 13 авг—Sputnik. Коршиносони тоҷик аз вазъи марзи Тоҷикистону Афғонистон нигаронанд. Онҳо мегӯянд, ки гурӯҳҳои ғайридавлатии Афғонистон дар ҷустуҷӯи сарчашмаҳои нави даромад ҳастанд.
Толибон ҷаҳд доранд нафақат сарчашмаи истеҳсоли тиллову ёқуту лоҷуварро дошта бошанд, балки қочоқи маводи мухаддиро низ зери назорати худ бигиранд.
Кордонон тамоюли дигареро мушоҳида кардаанд – ҷангиён роҳҳои қочоқи маводи мухаддиро ба василаи истифода аз силоҳ мекушоянд.
Аз ҷумла аз авоили соли равон то ин дам дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 10 кӯшиши рахнакунии мусаллаҳонаи марз пешгирӣ шудааст.
"Бино ба гузоришҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистон гурӯҳҳои мусаллаҳ бисёр фаъол шудаанд. Агар солҳои пеш онҳо фақат кӯшиши қочоқи маводи мухаддирро мекарданд, пас имрӯзҳо марзбоонони мо бо ҷангиён ба даргирии мусаллаҳона дучор мешаванд. Яъне қочоқи мусаллаҳ ҳам имрӯзҳо мушоҳида мешавад", — гуфт коршиноси маркази Лев Гумилев, Илҳом Нарзиев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Қочоқбарони Афғонистон барои паҳн кардани маводи мухаддир рооҳҳои гуногунро истифода мекунанд. Роҳи муҳимтарин шарҷӣ буда, аз Эрону Туркия гузашта ба кишварҳои Урупо ва ИДМ мебарад.
Роҳи дигаре тариқи Покистон мегузарад ва пасон бо роҳи обӣ ба кишварҳои мухталифи дунё роҳ меёбад.
Қисме аз маҳсулоти фурӯшии худро қочоқбарон кӯшиш доранд бо роҳи шимолӣ, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ мегузарад, роҳ меандозанд.
Барои ҳамин сарҳадбонони мо имрӯзҳо аз дасти қочоқбарони афғон “хоби ором” надоранд.
Дар давоми ним соли аввал, мақомоти Тоҷикистон 12 ҳазор қонуншикании марзии вобаста ба қочоқи маводи мухаддирро пешгирӣ карданд.
"Дар давоми шаш моҳ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон 2 тоннаю 365 килу маводи мухаддир аз гардиши ғайриқонунӣ мусодира шуд. Соли 2016 ҳаҷми қочоқ 2 тоннаю 251 килуро ташкил дод", — гуфт муовини аввали раҳбари Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир Самад Зафар.
Вазъи қочоқи маводи мухаддир дар худи Афғонистон ҳам ҳамоно рӯ ба бадӣ дорад. Чуноне хабаргузории “Afghanistan.ru” хабар медиҳад, авохири моҳи июл муовини вазири мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Афғонистон Абдул Халил Бахтиёр дар ин росто гуфт, ки наздики се милюн мардуми афғон бо маводи мухаддир сару кор доранд.
Гузориши охирини Нозироти кулли ИМА оид ба барқарорсозии Афғонистон (SIGAR) нишон медиҳад, ки дар давоми 15 сол беш аз ҳашт милярд дулор барои решакан кардани маводи мухаддир ва қочоқи он масраф шудааст, вале муттассифона натиҷае надодааст.
Афғонистон ҳамоно бузургтарин кишвари истеҳсолкунандаи маводи мухаддир боқӣ мемонад.