ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии мақомоти Суғд ин мактаб тариқи ҳашар аз ҷониби мардуми маҳаллӣ бунёд шудаву таҷҳизоташро мақомоти вилоят харидорӣ кардааст.
Дар маросими ба истифода додани мактаби рақами 16 раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ширкат дошт.
"Вай ҳангоми ошноӣ бо шароити муассиса сарвари мактабро вазифадор намуд, ки ба сифати таълиму тарбия диққати бештар диҳад. Бахусус омӯзиши забони давлатӣ дар муассиса дар сатҳи лозима ба роҳ монда шавад", — омадааст дар иттилоъия.
Раиси вилоят ба ин мактаб чаҳор адад компютер ва як принтер тақдим кард.
Бинои нави таълимӣ аз ҳашт синфхона ва утоқҳои корӣ барои омӯзгорон иборат буда, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ноҳияи Шаҳристон ва соҳибкорони маҳаллӣ тавассути ҳашар бунёд ёфтааст.
Дар гузашта хонандагони деҳа дар мактаби садамавӣ, ки барои 120 нафар толибилм пешбинӣ шуда буд мехонданд. Ин бинои нав барои 200 хонанда сохта шуда, дорои системаи муттамаркази гармидиҳӣ мебошад.