Эмомалӣ Раҳмон: сифати таълим ба талабот ҷавобгӯй нест

© сайт президент РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон подарил детям района Носири Хусрав новую школу
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон подарил детям района Носири Хусрав новую школу - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми мулоқот бо сокинони ноҳияи Носири Хусрав гуфт, ки сатҳу сифати таълим дар ноҳия беҳбудии ҷиддиро талаб мекунад

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 4 август ба ноҳияи Носири Хусрав сафар кард.

Раисҷумҳур зимни сафараш бо мардуми ин минтақа дидор ва гуфтугӯ кард.

Ҳангоми суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки мувофиқи маълумоту таҳлилҳо сатҳу сифати таълим дар ноҳия беҳбудии хеле ҷиддиро тақозо дорад.

"Хонандагони ноҳия дар озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ кам иштирок карда, шумораи довталабоне, ки ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дохил мешаванд, қонеъкунанда нест. Ҳамчунин, дар мактабҳои ноҳия маҳфилҳои фаннӣ фаъол набуда, ташаббускорӣ миёни омӯзгорон ва хонандагон кам ба назар мерасад", — гуфт раисҷумҳур.

Президент РТ посетил Хатлонскую область, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Нигаронии Эмомалӣ Раҳмон аз иҷро нашудани нақшаи даромади буҷа

Дар ин росто ӯ Вазорати маориф ва илмро вазифадор кард, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия доир ба тақвият бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва таъмин намудани онҳо бо кадрҳои омӯзгорӣ, фаъол гардонидани таҳсилоти иловагӣ, инчунин, дар масъалаи таъсиси муассисаҳои томактабии хусусӣ, умуман, ҷиҳати бартараф сохтани камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа тадбирҳои иловагӣ андешад.

Манбаъ бо такя ба суханони раисҷумҳур меафзояд, ки ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 26 ноябри соли 2016 Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлонро барои солҳои 2017-2021 тасдиқ кардааст, ки тибқи он дар ноҳияи Носири Хусрав дар панҷ соли оянда 11 муассисаи нави таълимӣ барои чор ҳазор нафар хонандагон ба маблағи умумии 40 миллион сомонӣ бунёд ва ба истифода супорида мешавад.

Пештар хабар дода будем, ки раисҷумҳур аз иҷро нашудани нақшаи даромади будҷа дар ин ноҳия изҳори нигаронӣ кард.

"Буҷети ноҳия дар 6 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 87 фоиз иҷро шуда, аз ин ҳисоб ба буҷет қари"Буҷети ноҳия дар 6 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 87 фоиз иҷро шуда, аз ин ҳисоб ба буҷет қариб 500 ҳазор сомонӣ ворид нагардидааст", — гуфта буд раисҷумҳур.

Лентаи хабарҳо
0