ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Ожонси мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон аз мардум ва ҷомеъаи мадании кишвар хост аз ҳаргуна қонуншиканӣ, фасод ва ришвахории кормадони вазорату ниҳодҳои давлатӣ ба ин созмон гузориш диҳанд.
Ожонси мубориза бо фасод бо ҳадафи пешгирӣ аз фасоду ришвахорӣ дар ниҳодҳои давлатӣ гурӯҳҳоеро барои таҳқиқу арзёбии хатароти рӯянда аз фасод дар вазоратҳо ва ниҳодҳои давлатӣ созмон додааст.
Вазорати кору муҳоҷирату шуғли аҳолӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъии аҳолӣ, Вазорати маъорифу илм, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисоду бозаргонӣ, Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи умури занону хонавода, Кумитаи умури ҷавонону варзиш, Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи родюву телевизюни Тоҷикистон ниҳодҳое ҳастанд, ки Ожонси мубориза бо фасод мехоҳад бо ёриву ҳамкории мардум ва ҷомеъаи маданӣ шаффофияти фаъолият ва фасодхезии онҳоро бозрасӣ кунад. Ин арзёбӣ ва баррасӣ дар се марҳила сурат хоҳад гирифт.