Супоришҳои Раҳимзода барои таъмини амният дар рӯзи истиқлолият

© Фото : Аз равобити умумии ВКД ҶТРамазон Раҳимзода вазири ВКД ҶТ дар вохӯрӣ бо ҷавонон
Рамазон Раҳимзода вазири ВКД ҶТ дар вохӯрӣ бо ҷавонон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни дидори умумӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои таъмини амният дар Рӯзи истиқлолият супоришҳои мушаххас дода, тарҳи ислоҳи қонуни танзимро бо онҳо баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ, дирӯз дар назди Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҷаласаи селекторӣ оид ба шарҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун  "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" баргузор шуд.

Ин ҷаласа бо ширкати сардорони  сарраёсат, сарситод, сармарказ, раёсатҳои Дастгоҳи марказии ВКД, шӯъбаҳои ВКД дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Ҷаласа тавассути таблоҳои видеоӣ ва овозӣ дар тамоми ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ мустақиман намоиш дода шуд.

"Раҳимзода доир ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни дар пешистодаи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, таъмини амният ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ба масъулини соҳа як қатор дастуру супоришҳои мушаххас дод", — омадааст дар иттилоъия.

Боздиди вазири ВКД аз муассисаи нақлиётӣ - Sputnik Тоҷикистон
Боздиди вазир аз муассисаи нақлиётӣ ва супоришҳояш барои зимистонгузаронӣ

Вазири корҳои дохилӣ дар ҷараёни ҷаласаи тарҳи ислоҳи қонуни танзимро шарҳ дода, қайд кард, ки дар давоми 10 — соли қабули қонун харҷи нолозим аз 53 % то 30% коҳиш ёфтааст.

Дар ин раванд шаҳрвандон дар гузаронидани ҷашну маросимҳо беш аз 18 миллиард сомониро сарфа кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0