Боздиди вазир аз муассисаи нақлиётӣ ва супоришҳояш барои зимистонгузаронӣ

© Фото : Аз равобити умумии ВКД ҶТБоздиди вазири ВКД аз муассисаи нақлиётӣ
Боздиди вазири ВКД аз муассисаи нақлиётӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода аз корҳои ободонию созандагӣ дар Муассисаи нақлиётии вазорат боздид кард

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Бино ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, зимни боздид аз таъмиру таҷдиди бинои асосӣ ва иловагии муассисаи мазкур, вазир аз ҳолати техникӣ ва таъмири автомашинаҳо, устохонаҳо, таваққуфгоҳ ва ҷойи рангу бори воситаҳои нақлиёт дидан кард.

© Фото : Аз равобити умумии ВКД ҶТМуассисаи нақлиётии ВКД ҶТ
Муассисаи нақлиётии ВКД ҶТ - Sputnik Тоҷикистон
Муассисаи нақлиётии ВКД ҶТ

Дар ҷараёни боздид вазир  ба масъулини соҳа ҷиҳати аз таъмири босифат баровардани автомашинаҳои хизматӣ ва ба ин васила таъмин намудани ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ бо воситаҳои нақлиёт як қатор дастуру супоришҳо дод.

Зикр гардид, ки баҳри вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ва омодагӣ ба зимистонгузаронӣ чораҳои мушаххас роҳандозӣ гардида, ҷиҳати захира намудани равғанҳои молиданӣ ва сӯзишворӣ тадбирҳои судманд андешида шаванд.

Лентаи хабарҳо
0