ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Ба гузориши шабакаи Fox News марзбонони амрикоӣ дар Техас шаст муҳоҷирро, ки ба таври ғайриқонунӣ дар дохили яхдони худрави боркаш пинҳон шуда буданд, аз марг наҷот доданд.
Муҳоҷирон дар дохили яхдони рустанибар пинҳон шуда буданд. Онҳоро саги низомӣ пайдо кард. Дари боркаши яхдондор маҳкам баста буд ва худи муҳоҷирон наметавонистанд онро мустақилона кушоянд.
Ҳарорати ҳаво дар дохили боркаш ҳашт дараҷа хунук буд. Гуфта мешавад, ки 22 нафаре аз ин муҳоҷирон аз Гватемала буда, 17 касашон мексикоӣ, 13 салвадорӣ ва ҳафт каси онҳо зодагони Гондурас будаанд.
Ба ҳамаи муҳоҷирон кумаки тиббӣ пешниҳод шуда, вале онҳо ин ёриро напазируфтаанд. Ҳамакнун онҳоро ба шӯъбае марзии кишвар ҷой дода шуданд.
Ронандаи боркаши яхдондор аз ҷониби пулис боздошт шуд. Маълум гардид, ки ӯ ҳам аз Гватемала будааст.
Мақомоти қудратӣ нисбати ӯ парвандаеро бо иттиҳоми вуруди ғайиқонунии муҳоҷирон боз хоҳанд кард.