Зане дар шаҳри Турсунзода барои фурӯши ғайриқонунии ҷавоҳир дастгир шуд

© Sputnik / Амир ИсаевЮвелирные украшения на выставке, архивное фото
Ювелирные украшения на выставке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон занеро дар шаҳри Турсунзода ба иттиҳоми фурӯши ғайриқонунии ҷавоҳиру зеварафзор дастгир кардаанд

ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Кормандони милиса дар ҷараёни баргузории амалиёти ҷустуҷӯӣ дар бозори шаҳри Турсунзода зани 41-солаеро ба гумони фурӯши ғайриқонунии ҷавоҳири мӯҳрношуда дастгир кардаанд.

Отель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
ВУД ҶТ: дар Душанбе боз як мард ба иттиҳоми табдили манзилаш ба фоҳишахона дастгир шуд

Ба иттилоъи хадамоти матбуотии ВУД ҶТ, ин зан дар бозори марказии шаҳр дукони ҷавоҳирфурӯшӣ дошта ва дар он ҷавоҳиру зеварафзори мӯҳрношуда мефурӯхтааст. Кормандони милиса аз ин дукон ҷавоҳироти бенишону сохташуда аз филиззи зарду сафед, ба вазни умумии 916,3 грам ёфтаву боз ситондаанд.

Бозрасии давлатии иёргузории Вазорати молияи ҶТ мушаххас карда, ки ин ҷавоҳир аз тилло ва нуқра сохта шуда ва 57 221 сомонӣ арзиш доранд, ки камобеш бо 6,5 ҳазор дулор баробар аст.

ВУД ҶТ барои бозҷӯии ин қазия парванда оғоз кардааст.

Лентаи хабарҳо
0