ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Намоишгоҳи китоби Ҳинд бо ибтикори Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва ҳамкории Сафорати Ҳинд дар шаҳри Душанбе ва Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Ҳинд баргузор мешавад.
Ин иқдом ба муносибати бузургдошти 70-умин солгарди худсолории Ҷумҳурии Ҳинд ва 25-умин солгарди роҳандозии равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Ҳиндустон сурат гирифтааст.
Маросими оғози кори намоишгоҳ бо ширкати мудири Китобхонаи марказии илмии "Индира Гандӣ" Шодимуҳаммад Сӯфизода ва Сафири Ҳинд дар ҶТ Сомнатҳ Гҳош ва дигар кормандони сафорат, раиси Анҷумани дӯстии Тоҷикистону Ҳинд Ҳабибулло Раҷабов ва бархе аз ҳамвандони он, пажӯҳишгарони Фарҳангистони улум, устодону шогирдон аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва дигар ҳаводорони фарҳангу адаби Ҳинд баргузор шуд.
Намоишгоҳи китоби Ҳинд то 24-уми август пазирои дӯстдорони китобу фарҳанги он кишвар хоҳад буд.