ДУШАНБЕ, 17 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон кайфияти корҳои анҷомдодашударо хуб арзёбӣ карда, масъулинро дастуру раҳнамоиҳое барои тарбияи сарбозони ҳушёру меҳандӯст дод.
Посгоҳи марзбонии "Сомон" бо сармояи ширкати "Сементи тоҷик" дар майдони 2 ҳектор бунёд шудааст.
Дар ин ҷо барои афсарону сарбозони Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити муосири анҷоми вазифа фароҳам оварда шудааст.
Ҳангоми боздид аз посгоҳи навбунёд, аз ҷумла хобгоҳи сарбозон, Эмомалӣ Раҳмон кайфияти сохтмонҳоро хуб арзёбӣ кард.
Дар сохтмони асосии посгоҳ утоқҳои корӣ барои афсарон, хонаи хидмати марзбонӣ, утоқҳои омӯзишӣ ва роёнаӣ, китобхона, ҷой барои истироҳату фароғат, хидмати маишӣ ва ғайра бунёд шуда, дар ин ҷо пеш аз ҳама барои назорат ва посбонии марзи давлатӣ аз афзорҳову фанновариҳои пешрафта баҳрабардорӣ шудааст.
Ҳамчунин дар ин посгоҳ ошхонаи кушоду барҳаво, майдони режа, ду майдончаи варзишӣ, марказҳои таълимӣ, гармоба, хушкшӯӣ, анборҳои маҳсулоти кишоварзӣ, сӯзишворӣ, сару либос, гараж, сагхона, аспхона, фурудгоҳи чархболҳо ва дигар созаҳои хидмати сарбозон бо меъёрҳои пешрафтаи низомӣ сохта шудаанд.
Дар ин дидбонгоҳ ҳамчунин як сохтмони маскунии дорои хонаҳои як ва дуутоқӣ бо ҳама шароити зарурӣ ба баҳрабардорӣ расид, ки дар он афсарон бо хонаводаҳояшон иқомат хоҳанд кард.
Дар ҳавлии ин сохтмон барои фарзандони марзбонон як майдончаи бозии кӯдакона низ бунёд гардидааст.