Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз ба шаҳри Қурғонтеппа ва дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон сафар кард.
Раиси ҷумҳуриро дар фурӯдгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа роҳбарони вилояти Хатлон ва бархе аз мардум пешвоз гирифтанд.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ин сафари корӣ бо сокинони ноҳияи Бохтар ва Вахш мулоқот кард.
Дар деҳоти Рӯдакии ноҳияи Вахш Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Коллеҷи аграрии вилояти Хатлон оғози расмӣ бахшид.
Дар кӯчаи Исмоили Сомонии Ҷамоати шаҳраки Вахш раисҷумҳури Тоҷикистон ба фаъолияти Маркази таълимӣ — истеҳсолии атласу адрасбофӣ ва Маркази савдо расман оғоз бахшид.
Дар доираи сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Вахш бо шароити таълим дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 56 барои кӯдакони лаёқатманд, ки аз таъмири асосӣ бароварда шудааст, ошно шуд.
Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дастовардҳои барзгарони ноҳияи Вахш шинос шуд.
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Вахш Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти "20 — солагии Истиқлолияти Тоҷикистон" барои бунёди Маркази табобатии тиббии ба номи Исмоили Сомонӣ санги асос гузошта, дар ҳамин ҷо бо сокинону фаъолони ноҳия суҳбату мулоқоти самимию созанда доир кард.