ДУШАНБЕ, 16 авг — Sputnik. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Бохтар аз вазъи торафт мураккабшудаистодаи ҷаҳонӣ низ ёдовар шуд.
"Мубориза бар зидди ҷиноятҳои марбут ба терроризму экстремизм таҳти назорати ҳамарӯзаи мақомоти дахлдор қарор дошта, бо мақсади ошкор ва пешгирӣ кардани ҳолатҳои шомилшавии шаҳрвандони кишвар, бахусус, ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва иштироки онҳо дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи кишварҳои хориҷӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд",- гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Бино бар иттилои раиси ҷумҳур, давоми панҷ соли охир 95 нафар сокинони ноҳия, ки 35 нафари онҳо ҷавонон мебошанд, бо мақсади иштирок кардан дар амалиёти ҷангӣ ба давлатҳои хориҷӣ рафта, ба гурӯҳҳои террористӣ шомил шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, 17 ҷавони бохтарӣ дар ҳудуди давлатҳои даргир ба ҳалокат расидаанд.
Дар ин ҷода, Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, кумитаҳои ҷавонон ва варзиш, оид ба корҳои занон ва оила, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, падару модарон, аҳли маориф ва зиёиёну фаъолон вазифадоранд, ки барои рафъи чунин ҳодисаҳои номатлуб ва доғдоркунандаи номи неки миллат ва давлати тоҷикон корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни сокинон ва махсусан, наврасону ҷавонон ва умуман, тарбияи дурусти фарзандон ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд, гуфт дар охир Эмомалӣ Раҳмон.