ДУШАНБЕ, 16 авг- Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон 8 август бо намоиши филме Эронро муттаҳам ба пуштибонии моливу низомӣ аз куштори бархе аз чеҳраҳои сиёсиву илмиву фарҳангиву расонаии Тоҷикистон ва афсарони пойгоҳи низомии Русия дар солҳои 1990-ум кард.
Бахтиёр Раҳмониён дар ин вокуниш ба ин додаҳои ин филм матнеро дар вебгоҳи расмии Донишгоҳи милии Тоҷикистон мунташир кардааст, ки онро дар зер бознашр мекунем.
Филме мустанаде, ки аз ҷониби хадамоти матбуотии ВКД тариқи Телевизиони Тоҷикистон дар мавриди гумонбарии се мард дар куштори олимон ва шахсиятҳои шинохта, чун ҳуқуқшиноси варзида, собиқ раиси Шурои олӣ Сафаралӣ Кенҷаев, академик Муҳаммад Осимӣ ва адиби маъруф Сайф Раҳимзоди Афардӣ ва дигар шахсиятҳои саршиноси миллат маълумот медодед, шоми 8 августи соли равон тамошо кардаву бори дигар собитамон шуд, ки душман барои ба ҳадафҳои нопоки худ расидан аз чӣ роҳҳое кор намегирад.
Ба аҳдофи ғаразноки худ расем гуфта, натанҳо мардумро ба шӯр меорад, балки барои аз байн бурдани бузургони миллат ҳам талош месозад. Душман зирак аст. Медонад, ки бо чӣ роҳ миллатро пароканда созад. Нағз медонад, ки марги миллат аз марги бузургони он шуруъ мешавад. Вале душманони "тавоно"-и мо хато андар хато карданд. Хатое, ки он нобахшиданист.
Онҳо натанҳо ба гӯшаи имони худ ин хиёнатро раво диданд, балки чандин марди ҳамватани хешро, ки сазовори номи воқеии ватандор буданд қатл карданд… Вале хато кардӣ, эй душман! Ту чанд тан марди фарҳангӣ, олим ва чеҳраи сиёсии ин миллатро қатл намудӣ ва фикр кардӣ, ки ба таври комил миллати моро аз байн мебарӣ? Ту фикр кардӣ, ки олимону орифон ва ватандорони мо башуморанд. Аз хотир баровардӣ, ки тоҷик миллати фарҳанг, миллати нанг аст ва дар хокаш ҳазорон Осимию Афардӣ барин мардони ҷодаи илму адабро парваридааст ва хоҳад парварид.
Мақоли зебои "Бузургонро бузургон зинда медоранд"-ро фаромӯш кардӣ. Ана дидӣ, ки мо бо кору пайкори Осимиҳову Афаридиҳои дигар ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуна миллати худро соҳиби истиқлолият ва ваҳдату ягонагӣ кардем. Шояд аз ин кардаат пушаймонӣ, вале бидон, ки пушаймонӣ суд надорад… Туро хоҷагони хориҷият фирефта карданд ва ту фурӯхта шудӣ. Як бор наандешидӣ, ки "дар хуни мо ғурури ниёгон нуҳуфтааст". Мо қодирем, ки ин хиёнати туро фош созем. Акнун бо кадом рӯ ба ҳамаватани хеш ва пайвандони ашхоси куштаат назар мекунӣ?!…
Ба ҳар ҳол мо ҷавонон бо дидани ин аъмоли бади шумо барин ватанфурӯшон аз қавли Луқмони Ҳаким кор мегирем, яъне адабро аз беадаб меомӯзем. Ҳаргиз амсоли шумо марги фарзонагони миллатро нахоҳем хост, балки кору пайкори мардони ҷодаи илму фарҳангро пешаи кори худ қарор хоҳем дод. Мо дарк менамоем, ки аз қатли фарзонафарзандони ватан ва маҳаллбозиву парешонии мо миллат ба иллат мерасад. Аз ин лиҳоз, ҳама бо як овоз мегӯем "Миллати моро аз ин иллат нигаҳ дорад Худо".